Академияи Чандрасонаии Тоҷик
Таджикская Мультимедийная Академия

آکادمی چندرسانه‌ای تاجیک

Tajik Multimedia Academy

ПЕШГОМОН

Муҳиддин
Олимпур


 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд(идома....)


Заур
Дахте



 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.
 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. (идома....)


Нозим
Қаландаров



 Нозим Қаландаров, аз аккосони боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ 20 июни соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳри Душанбе, ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1993 таҳсилро ба поён расондааст. (идома....)


Мақсудҷон
Ҳусейнов



 Мақсудҷон Ҳусейнов 28 феврали соли 1954 дар Шурои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз фориғ шудан аз мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1971 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда (идома....)


Муборакшоҳ
Гулҷонов



 Муборакшоҳ Гулҷонов 29 июли соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ин донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм кардааст.  Аз соли 1992 то соли 1994 дар корхонаи “Тоҷикгидроагрегат” кор кардааст. (идома....)


Баҳром
Ҷалилов



 Баҳром Ҷалилов 20 феврали соли 1989 ба дунё омадааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Забонҳои форсӣ, русӣ ва англисиро медонад. Баҳром аз вежагиҳое, ки барои як аккос лозим аст, яъне ҷаҳонбинии фарох, сабки мунҳасир ба фард ва тахайюли рангин бархурдор мебошад. (идома....)


Дидор
Саъдуллоев



 Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. (идома....)


ОМӮЗИШИ ЧАНДРАСОНАӢ

ДАВРАҲО

СЕМИНАРҲО

ДАВРАҲОИ ПЕШИН

Муҳиддин Олимпур

 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд. Таҳсил дар ин омӯзишгоҳ чашми Муҳиддинро ба дунёи нафосат ва зебоӣ боз кард ва ӯро ба сӯйи орзуҳои нав раҳнамун сохт. Баъд аз поёни таҳсил Муҳиддин ба унвони аккос ва тарроҳ дар рӯзномаи ҷавонони вақт, ки "Комсомоли Тоҷикистон" ном дошт, ба фаъъолият шурӯъ намуд ва ҳамзамон дар бахши шабонаи Донишкадаи адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба таҳсил идома дод.

 Ҷавоне орзупарвар бо нерӯи тамом ба кори матбӯъот камар баст. Муҳиддин акси садҳо инсони некноми дунёи илму адаб ва ҳунарро дар сафаҳоти рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва китобҳои мухталиф бо шеваи хосси як фарди ҳунарманд мунташир кард. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба унвони беҳтарин аккос муъаррифӣ шуд. Фаъъолият дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" дар такмили ҳунар ва истеъдоди Муҳиддин таъсири бузурге гузошт ва дар корномаи ӯ сафҳаи дурахшонеро боз кард.

 Ба унвони як шахсияти фарҳангӣ ӯ ҳаводор ва мубаллиғи чеҳраҳои нодири фарҳанг ва ҳунари форсизабонон дар Тоҷикистон гардид ва машҳур шуд.Беҳтарин нигоштаҳо ва мақолаҳои Олимпур дар китобҳои "Чаҳорбоғи гулҳо", "Роҳнамои аккосӣ", "Тӯшаи чашм", "Ишқ фарёд кунад", "Эрон бӯйи модар медиҳад" ва ғайра гирд омадаанд. Ӯ бо муҳаббат ва самимияте хос дар бораи сарнавишти ҳамзабонони хеш, ки бо амри тақдир дар гӯшаву канори дунё пароканда шудаанд, қисса карда ва бад-ин васила бузургӣ ва меҳри ватанро бештар таҷассум сохтааст.

 Муҳиддин ба унвони беҳтарин рӯзноманигор ба дарёфти ҷоизаи Лоҳутӣ шарафёб гардида буд. Солҳои ахир ҳамзамон бо кор дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат" хабарнигори бахши форсии родию Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд. Воқеъияти ҳаводиси Тоҷикистонро барои форсизабонони ҷаҳон гузориш медод ва ҳамеша талош мекард мардуми дунё ин кишварро бештар бо ҳунару фарҳангаш бишносанд.

  Шаби 13 декабри соли 1995 ӯ ба сурате фаҷеъ дар шаҳри Душанбе ба қатл расид.