Академияи Чандрасонаии Тоҷик
Таджикская Мультимедийная Академия

آکادمی چندرسانه‌ای تاجیک

Tajik Multimedia Academy

ПЕШГОМОН

Муҳиддин
Олимпур


 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд(идома....)


Заур
Дахте



 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.
 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. (идома....)


Нозим
Қаландаров



 Нозим Қаландаров, аз аккосони боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ 20 июни соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳри Душанбе, ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1993 таҳсилро ба поён расондааст. (идома....)


Мақсудҷон
Ҳусейнов



 Мақсудҷон Ҳусейнов 28 феврали соли 1954 дар Шурои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз фориғ шудан аз мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1971 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда (идома....)


Муборакшоҳ
Гулҷонов



 Муборакшоҳ Гулҷонов 29 июли соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ин донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм кардааст.  Аз соли 1992 то соли 1994 дар корхонаи “Тоҷикгидроагрегат” кор кардааст. (идома....)


Баҳром
Ҷалилов



 Баҳром Ҷалилов 20 феврали соли 1989 ба дунё омадааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Забонҳои форсӣ, русӣ ва англисиро медонад. Баҳром аз вежагиҳое, ки барои як аккос лозим аст, яъне ҷаҳонбинии фарох, сабки мунҳасир ба фард ва тахайюли рангин бархурдор мебошад. (идома....)


Дидор
Саъдуллоев



 Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. (идома....)


ОМӮЗИШИ ЧАНДРАСОНАӢ

ДАВРАҲО

СЕМИНАРҲО

ДАВРАҲОИ ПЕШИН

2007

Аввалин давраи омӯзишии рӯзноманигории чандрасонаӣ, 15-26 октябри соли 2007, шаҳри Душанбе

Бунёди байналмилалии Олимпур ин давраи омӯзиширо бо мусоидати Институти ҷомеъаи кушодаи Тоҷикистон,Ҷадид Медиа ва ВВС баргузор кард

The first multimedia journalism training course, 15-26 October, 2007, Dushanbe

Alempour International Foundation held this training course with the support of OSI Tajikistan, Jadid Media and the BBC


Тавассути ин пайвандҳо корҳои ширкаткунандагони давраҳои пешинро дар вебгоҳи www.jadidonline.com метавонед бубинед:

Чандрасонаӣ дар Тоҷикистон
Айнӣ ва Нимо
Миёни мадраса ва кор
Дар ду сӯйи хатти ниёгон
Гӯётар аз ҳазор калима
Сездаҳбадар - рӯзи ханда
Куҳна ва нав дар мусиқии тоҷикӣ
Суфраи Мушкилгушо
Бобо Абдуллоҳ ва Юсуфи гумгаштааш
Умри кўтоҳ, парвози баланд
Мехоҳам дунёро бибинам
Гадоӣ - шуғли обоӣ
Дар садри попи тоҷик
Филмбардори Шоҳнома

2008

Дуюмин давраи омӯзишии рӯзноманигории чандрасонаӣ, 16-23 декабри соли 2008, шаҳри Душанбе

Бунёди байналмилалии Олимпур ин давраи омӯзиширо бо мусоидати Институти ҷомеъаи кушодаи Тоҷикистон,Ҷадид Медиа ва ВВС баргузор кард

The second multimedia journalism training course, 16-23 December, 2008, Dushanbe

Alempour International Foundation held this training course with the support of OSI Tajikistan, Jadid Media and the BBC





2015
Давраҳои омӯзишӣ барои пӯшиши масоили интихобот дар Душанбе ва Хуҷанд

 Дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки аввали моҳи март доир шуд, Конуни байналмилалии Муҳиддини Олимпур ду давраи омӯзишӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор кард. Ин давраҳо дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон аз 12 то 17 январ дар шаҳри Душанбе ва аз 19 то 24 январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда ва бо марҳилаи оғозини рақобатҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон мусодиф буд. Мо беш аз 30 рӯзноманигорро аз тайфи густардае аз расонаҳо аз саросари Тоҷикистон гирдиҳам овардем ва хушҳолем, ки дар ин давраҳо ҳатто намояндагони расонаҳои кӯчаки маҳаллӣ ширкат варзиданд.

  Ширкаткунандагони давраҳои омӯзишӣ ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Хуҷанд бисёр боҳуш ва ба омӯзиш алоқаманд буданд. Ҳарчанд ҳамаи онҳо тасаввуроти рӯшане аз натоиҷи эҳтимолии интихобот доштанд, вале боз ҳам ба омӯзиши таҷрубаи расонаҳо ва шеваҳои гузоришгарӣ ва пӯшиши масоили интихобот дар кишварҳои пешрафта алоқаманд буданд. Аз вақт ва имконоте, ки дар ихтиёрашон гузошта шуда буд, бахубӣ истифода карданд. Суханронҳое ҳам, ки аз берун даъват шуда буданд, аз эътибору нуфузи хоссе бархурдор буданд ва бо эътимод ба нафси комил афкор ва таҷоруби худро бо хабарнигорон дар миён гузоштанд.

 Конуни байналмилалии Муҳиддин Олимпур дар ду замина таҷруба ва тахассуси комил дорад. Яке хабар ва таҳаввулоти ҷорӣ, ки дар пайи солҳо фаъолият дар сутӯҳи мухталиф дар Би-би-сӣ ба даст омада ва дигар, бо таваҷҷуҳ ба ҳунар ва истеъдоди фитрии худи Муҳиддини Олимпур, рӯзноманигории тасвирӣ ва чандрасонаӣ аст. Дар давраҳои омӯзишӣ мо талош кардем ин ҳардуро ба ҳам талфиқ кунем. Ҳадафи мо кумак ба рӯзноманигорон барои анҷоми ду кор буд: нахуст, барномарезӣ ва беҳтар кардани шеваҳои пӯшиши интихобот, ва дигар, ба зеҳн супурдани бархе аз шигардҳо ва усули умдаи рӯзноманигории чандрасонаӣ ва аккосӣ. Ба ҳар кадоме аз ин мавзӯъот метавонистем ҳафтае комилро ихтисос бидиҳем. Масалан, тамомии ҷанбаҳои пӯшиши интихоботро мешуд дар як ҳафта ба таври фарогир ба рӯзноманигорон аз лиҳози назарӣ омӯхт, вале бо тамрини шеваҳои мухталифи аккосӣ ва кори чандрасонаӣ мо дарвоқеъ илмро ба амал ёр кардем, ки дар натиҷа, ҳам бар ҷаззобияти давраҳо барои рӯзноманигорон афзуд ва ҳам ҳосили корашон саранҷом ризоятбахш буд. Ба иловаи инҳо, ахлоқи рӯзноманигорӣ дар меҳвари кори мо қарор дошт, ки барои кишварҳое мисли Тоҷикистон бағоят муҳим аст.

 Назарсанҷие, ки дар поёни ҳар яке аз давраҳои омӯзишӣ миёни ширкаткунандагон анҷом додем, ҳокӣ аз таассуроти мусбати онҳо аз ин давраҳо буд ва онҳо ба кори мо мунсифона арҷ гузоштанд.

 Дар зер аксҳоеро аз ҷараёни давраҳои омӯзишӣ дар Душанбе ва Хуҷанд метавонед бубинед.

ш. Душанбе