Академияи Чандрасонаии Тоҷик
Таджикская Мультимедийная Академия

آکادمی چندرسانه‌ای تاجیک

Tajik Multimedia Academy

ПЕШГОМОН

Муҳиддин
Олимпур


 Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар рустои Шамтучи Фалғар (ноҳияи Айнӣ), воқеъ дар 220 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе дар хонаводаи як кишоварз ба дунё омад. Аз овони кудакӣ орзуи наққош шуданро дар дил мепарварид ва ба ин хотир пас аз фароғат аз дабиристони зодгоҳаш барои идомаи таҳсил ба омӯзишгоҳи наққошии шаҳри Душанбе дохил шуд(идома....)


Заур
Дахте



 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.
 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. (идома....)


Нозим
Қаландаров



 Нозим Қаландаров, аз аккосони боистеъдоди тоҷик аст. Ӯ 20 июни соли 1971 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 17-и шаҳри Душанбе, ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1993 таҳсилро ба поён расондааст. (идома....)


Мақсудҷон
Ҳусейнов



 Мақсудҷон Ҳусейнов 28 феврали соли 1954 дар Шурои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар вилояти Суғд дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Ӯ пас аз фориғ шудан аз мактаби миёна дар зодгоҳаш, соли 1971 ба факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда (идома....)


Муборакшоҳ
Гулҷонов



 Муборакшоҳ Гулҷонов 29 июли соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1992 ин донишгоҳро бо ихтисоси муҳандис- механик хатм кардааст.  Аз соли 1992 то соли 1994 дар корхонаи “Тоҷикгидроагрегат” кор кардааст. (идома....)


Баҳром
Ҷалилов



 Баҳром Ҷалилов 20 феврали соли 1989 ба дунё омадааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро хатм кардааст. Забонҳои форсӣ, русӣ ва англисиро медонад. Баҳром аз вежагиҳое, ки барои як аккос лозим аст, яъне ҷаҳонбинии фарох, сабки мунҳасир ба фард ва тахайюли рангин бархурдор мебошад. (идома....)


Дидор
Саъдуллоев



 Дидор Саъдуллоев баҳори соли 1981 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёна ва факултаи физик ва риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. (идома....)


ОМӮЗИШИ ЧАНДРАСОНАӢ

ДАВРАҲО

СЕМИНАРҲО

ДАВРАҲОИ ПЕШИН

Заур Дахте

 Заур Дахте филмбардор ва аккоси шинохта, ходими хидматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷавоизи бархе аз озмунҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ аст.

 Ӯ соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада ва аз соли 1937 то соли 1951 дар Ирон зиндагӣ кардаааст. Ӯ то клоси 6 дар мадрасае дар шаҳри Теҳрон таҳсил карда. Заур Дахте аз соли 1955 то соли 1958 дар парваришгоҳи байналмилалии шаҳри Ивановои Русия таҳсил ва зиндагӣ кардааст. Баъд барои кор ба студияи “Тоҷикфилм” ба шаҳри Душанбе омад. Пас аз муддате ба Донишгоҳи синемои шаҳри Маскав (ВГИК) пазируфта шуд. Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯиаш, ӯро ба унвони филмбардори студияи “Тоҷикфилм” мешинохтанд.

 Рисолаи дипломии ӯ филми кӯтоҳи ҳунарии “Лола” буд, ки бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи фақиди иронӣ сохта шуда. Пас аз ин филм ӯ ба унвони филмбардор ва таҳиягар шӯҳрат пайдо кард. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди кӯҳна”-ро филмбардорӣ кард. Сипас, силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг” (дар ду қисмат, дар таҳияи М.Қосимова), “Паланг зарур аст” (дар таҳияи Б. Арабов), “Шераки ҷасур” (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро филмбардорӣ кард.

 Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳе хос дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Сӯҳроб” беҳтарин филмҳои сохти “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва ин филмҳо на танҳо дар қаламрави шӯравии собиқ, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёд доштанд. Дар сохти ин филмҳо Заур Дахте ба унвони филмбардор саҳми бузурге дорад.

 Заур Дахте дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Ду филми ӯ ба Малика Собирова, ситораи болеи тоҷик ва шӯравӣ ихтисос доранд. “Малика”- филми аввали Заур Дахте соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синемои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ба худ ихтисос дод. Дар соли 1982, пас аз даргузашти Малика Собирова, Заур Дахте филми дуюми худро бо номи “Маликаи мо” сохт.

  Дар даҳаи 1970 ва 1980 Заур Дахте борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ кард. Сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷасаммаи Буддоро филмбардорӣ карда, ки ҳоло дар музеи мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз аст.

  Ҷасорату мардонагии Заур баъд аз он вирди забонҳо шуд, ки ӯ барои филмбардории Юрий Баранов, қаҳрамони ҷаҳон дар чатрбозӣ дар филми “Маҳалли зиндагиаш-осмон” 17 маротиба бо чатр ва дурбини филмбардорӣ худро аз ҳавопаймо парт кард. Барои ин филм ӯ дар соли 1982 ҷоизаи аввали ҷашнвораи байналмилалии Каунас дар Литвониро ба худ ихтисос дод.

  Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шуарои бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллойии синемои миллии Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар канори филмбардорӣ Заур Дахте ба аккосӣ ҳам алоқаи зиёде дорад. Солиёни зиёдест, ки ӯ аккосӣ мекунад. Аксҳояш ба мавзӯъҳои гуногун ихтисос доранд. Дар ин аксҳо танаввӯъи рангҳо ба назар мерасад ва гармии қалби аккос эҳсос мешавад. Соатҳо ин аксҳоро мешавад тамошо кард. Дар сукути аксҳои Заур Дахте умқ ва ҳаракат дида мешавад - ҳаракати эҳсосот ва андеша. Зоҳиран ин падидаест қонунӣ, вақте филмбардор аккосӣ мекунад. Албатта, на филмбардори маъмулӣ, балки яке аз беҳтарин филмбардорони синемои тоҷик.

  Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Рустамович Дахте дар соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Баъдтар намоиши осори аккосиаш дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Белорус баргузор шуданд. Пас аз баргузории муваффақонаи намоиши аксҳои Заур Дахте дар Русия ва Фаронса, Ҳукумати Тоҷикистон заҳамоти ӯро бо медоли “Хидмати Шоиста” қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории окодемисяни Окодемии мусаввирии Тоҷикистон шуд.