Ҷоиза барои фотожурналистони ҷавон

Дар озмуни фотожурналистони ҷавон, ки Бунёди байналмилалии Муҳиддин Олимпур дар шаҳри Душанбе баргузор кард, Ҷоизаи аввал ба Сурайё Хонова, хабарнигори родиои “Овози тоҷик” барои таҳияи мавод дар бораи мактаб интернати рақами 1 шаҳри Душанбе дода шуд.

Номи барандаи ин ҷоиза имрӯз дар поёни давраи омӯзишии панҷрӯза барои фотожурналистони ҷавон аз шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғонтеппа эълом гардид. Дар ҷараёни ин давраи омӯзишӣ фотожурналистони ҷавон бо усул ва наҳваи кори аккосии дижитол, сабти садо, гирифтани видео бо телефони ҳамроҳ ва муқаррароти қонунҳо дар бораи...

Давраи омӯзишии аккосии хабарӣ

Конуни байналмилалии Олимпур севвумин давраи футужурнолисмро барои дувоздаҳ футужурнолисти ҷавони тоҷик дар рӯзҳои 19 то 23 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе барогузор мекунад.

Дар ин давра, ки ба сурати семинор ва баҳс баргузор хоҳад шуд, усули ҳирфаии рӯзноманигорӣ мурур мешавад ва намунаҳое аз корҳое аккосон дар Тоҷикистон ва ҷаҳон мавриди баҳс қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин, дар бораи расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳои суннатӣ монанди рӯзнома, родию ва телевизиюн баҳсу гуфтугӯ хоҳад шуд. Дар ҷараёни ин давра ҳар ширкаткунанда меомӯзад, то бар асоси як достони ҷолиб як нигорхонаи акс ё видиюи кӯтоҳ ва ё як гузориши тасвирӣ таҳия кунад.

Беҳтарин корҳои ширкаткунандагон дар ин давраи омӯзишӣ дар ҳамин вебгоҳ www.tajikmultimedia.org аз рўзи 23 май мунташир хоҳад шуд.

Дар зимн, шумо ҳамакнун метавонед тавассути ин пайвандҳо корҳои ширкаткунандагони давраҳои пешинро дар вебгоҳи www.jadidonline.com бибинед:
http://www.jadidonline.com/story/02112007_multimedia_in_tajikestan
http://www.jadidonline.com/story/19042010/dr/sadriddin_ayni_cyr
http://www.jadidonline.com/story/12042010/dr/work_study_cyr
http://www.jadidonline.com/story/15042010/dr/parsi_script_cyr
http://www.jadidonline.com/story/06042010/frnk/tajik_photographer
http://www.jadidonline.com/story/07042010/frnk/april_first
http://www.jadidonline.com/story/09042010/dr/jonibek_murad_cyr
http://www.jadidonline.com/story/14042010/dr/tajik_rice_pudding_cyr
http://www.jadidonline.com/story/19042010/dr/baba_abdullah_cyr
http://www.jadidonline.com/story/21042010/dr/narges_bandishoeva_cyr
http://www.jadidonline.com/story/26042010/dr/seeing_the_world_cyr
http://www.jadidonline.com/story/21052010/dr/gypsies_tajik_cyr
http://www.jadidonline.com/story/26052010/dr/sadriddin_najmiddin_cyr
http://www.jadidonline.com/story/04012011/dr/zaur_dakhte_cameraman

Семинор ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон/аккосони тоҷик

Конуни Байналмилалии Олимпур тасмим дорад дар нимаи дувуми моҳи майи соли 2014 як давраи аккосии рӯзноманигории чандрасонаиро барои 12 рӯзноманигор/аккоси ҷавони тоҷик дар шаҳри Душанбе баргузор кунад. Дар ин давраи омӯзишии фишурдаи панҷрӯза, ки бештар ба сурати семинор ва баҳс баргузор хоҳад шуд, ширкаткунандагон усули ҳирфаии рӯзноманигориро мурур мекунанд ва бо намунаҳое аз корҳои аккосии рӯзноманигорӣ дар дунёи имрӯз ошно хоҳанд шуд. Ва дар баҳсу гуфтугӯ дар бораи расонаҳои диҷитол ва ояндаи расонаҳои суннатӣ, мисли рӯзнома, родию ва телевизиюн ширкат хоҳанд кард. Дар ҷараёни давраи омӯзишӣ ҳар ширкаткунанда ёд мегирад то бар асоси достоне ҷолиб як гузориши чандрасонаӣ бо истифода аз аксу видию ва садо таҳия кунад. Мо беҳтарин корҳои ширкаткунандагони давраи омӯзиширо дар ҳамин вебгоҳи мунташир...

Рисолат

Конуни Байналмилалии Олимпур дар соли 1996, пас аз фавти Муҳиддин Олимпур, аккос ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик ва хабарнигори Би-би-сӣ дар он мақтаъи замон, ҷиҳати гиромидошти ёди ӯ бунёнгузорӣ шуд.

Конуни Олимпур дар ибтидо барои ҳифозат аз ва нигаҳдории бойгонии Муҳиддин Олимпур, ки иборатанд аз ҳазорҳо акси арзишманди таърихӣ ва фарҳангӣ, ки қаблан дида нашудаанд, таъсис ёфт.

Яке аз аҳдофи дигари Конуни Байналмилалии Олимпур кумак ба тарвиҷи рӯзноманигории аккосӣ ва чандрасонаӣ дар Тоҷикистон аст. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти беш аз пеши Интернет ва вебгоҳҳо дар зиндагии рӯзмарраи мо ва ҳамчунин наҳве, ки мо хабарҳоро мебинем ва дунбол мекунем, рӯзноманигории чандрасонаӣ барои барӯз кардани мардум бо тозатарин ахбор ва мақолот ҳаётӣ шуда.
Агарчи рӯзноманигории чандрасонаӣ ҳанӯз дар Тоҷикистон маъруф нашуда, ояндаи рӯзноманигорӣ дар он аст. Чандрасонаӣ ба хотири тавсеъаи бештари рӯзноманигорӣ ва озодии матбӯъот бояд тарвиҷ гардад. Ба ҳамин далел, ин бунёд давраҳои омӯзишии чандрасонаӣ баргузор карда, ки навъи ҷадид, вале муҳимми рӯзноманигориро барои рӯзноманигорони ҷавон ва умедворкунанда муъаррифӣ кард.

Муҳиддин Олимпур
Тарҳҳои мо

Семинор ва давраи омӯзиши чандрасонаӣ барои хабарнигорон/аккосони тоҷик

Writings
Multimedia Journalism